МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » ТЕРРОРИЗМ- ХАТАР БА ИНСОНИЯТ

ТЕРРОРИЗМ- ХАТАР БА ИНСОНИЯТ

                                   ТЕРРОРИЗМ-  ХАТАР  БА  ИНСОНИЯТ

   Имрӯз терроризму экстремизм ба яке аз таҳдиду хатарҳои бузург ба амнияту осоиштагии сокинони саёра ба шумор рафта, қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои  террористӣ нагарданд. Барои террористон модар, ватан, миллат, дин ва дигар арзишҳо қадру қиммате надоранд. Онҳо бо истифода аз номи дин ва дигар мӯқаддасот мехоҳанд, ки вазъиятро дар давлатҳои тинҷу осоишта ноором сохта мақсадҳои нопокӣ худро амалӣ гардонанд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба маврид таъкид намудаанд, ки: «Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

   Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд.

    Бояд гуфт, ки дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шидат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ хатари марговар буда, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзанд.

    Тоҷикон миллати озодпарасту озодихоҳ буданду ҳастанд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарваранд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазорсол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати милии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони ватандӯсти халқи тоҷик дар тӯли асрҳо миллату ватани худро аз вартаи нобудшавӣ наҷот додаву ба он умри дубора бахшидаанд.  Яке аз чунин фарзандони наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ баровард ва ҳазорон нафар гурезагонро ба хоки Ватан баргардонд.

   Худи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора гуфта буданд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар як миллат, махсусан барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, бузургтарин неъмати дунё маҳсуб меёбанд».

   Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат, махсусан насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Баҳри ҳифзу таҳкими амнияту якпорчагии Ватани азизамон- Тоҷикистони биҳиштосо ва дастовардҳои бузурги миллӣ бар зидди ҳаргуна падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон  баранд.

    Мусаллам  аст,  ки  мо, кормандони  мақомоти  адлия  пайваста   дар  фаъолияти худ  Конститутсияи  Тоҷикистон,  қонунҳои  амалкунанда  ва  дастуру  супоришҳои  сарвари  кишварро  ҳангоми  вохӯриҳо  сармашқи  кори  худ  қарор  медиҳем  ва  ҳадафу  мақсад  ва  ѓояҳои  созандаву  муттаҳидкунандаи  сулҳу  озодиро  ба  ҳар  як шаҳрванди  кишвари  азизамон    тарѓибу  ташвиқ    менамоем.

                                                                                                              Саидов  К.Г.

сардори идораи  нотариалии 

давлатӣ дар  ноҳия  

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx