МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » МУСОБИҚА БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ ОҒОЗ ГАРДИД

МУСОБИҚА БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ ОҒОЗ ГАРДИД

Мусобиқа барои дарёфти ҷоми раиси ноҳия оғоз гардид

    Санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии Ҷамоати шаҳраки Балх  мусобиқаи футболи хурд байни кормандони ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти  Ҷоми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

   Муовини  раиси ноҳия  Абдусаломзода  Анзурат  роҷеъ ба ҳадафҳои баргузор намудани мусобиқаи мазкур   қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии футбол дар байни кормандони ташкилоту муассисаҳо гузаронидани сабқатҳои варзиширо барои дарёфти ҷоми раиси ноҳия  аз ин намуди варзиш доир намояд. Баргузор намудани ингуна мусобиқаҳо имкон медиҳад, ки дар кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия  майдончаҳои варзишӣ обод карда шуда, наврасону ҷавонон ва насли калонсол ба варзиши рақами як машғул шаванд.

   Паҳлуи хуби дигар дар он аст, ки азбаски футбол мусобиқаи даставӣ аст он нафарони зиёдро ба ҳам оварда, рафоқатро дар байни сокинони ноҳия зиёд менамояд.

  Дар даври аввали  мусобиқа  тибқи натиҷаи қуръапартоӣ  дастаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо дас таи Ҷамоати шаҳраки Балх андари майдон шуданд. Дастаҳо кӯшиш ба харҷ медонад, ки аз ҳар як хатои содирнамудаи ҳарифон ба манфиати худ истифода баранд. Маҳорати варзишӣ ва чолокии бозингарони дастаи  Ҷамоати шаҳраки Балх ба онҳо имкон дод, ки рақибро шикаст дода, ғалабаи нахустинро ба даст оваранд.  

   Дар бозии дуюм дастаи  Раёсати молияи ноҳия бо дастаи Ташкилоти хурди қарзии «Эсхата» ва  дастаи ШВКД дар ноҳия бо дастаи Тавҳидбонк бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин рақобатҳо дастаи Раёсати молияи ноҳия ва дастаи ШВКД ғалаба ба даст оварда. ба даври дуюми мусобиқа роҳхат гирифтанд.

  Мусобиқа то 6-уми сентябри соли 2019 идома ёфта, ғолибон дар арафаи 28-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва қадрдонӣ мешаванд.

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx