МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӣ БОЯД САРИ ВАҚТ ВА ТИБҚИ МУҚАРРАРОТ ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОД ГАРДАД

ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӣ БОЯД САРИ ВАҚТ ВА ТИБҚИ МУҚАРРАРОТ ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОД ГАРДАД

ҲисоботҲои оморӣ бояд сари ваҚт ва тибҚи муҚаррарот таҳия ва пешниҳод гардад

     Таҳия ва таҳлили маводҳои омории дуруст ва дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод шудани он дар низоми идораи давлатӣ  аҳамияти калон дорад. Он имконият медиҳад, ки ҳолати иҷрои нақшаҳои корӣ, барномаҳои давлатӣ  ва дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар марҳилаи муайяни замонӣ  баррасӣ шавад. Роҳандозӣ намудани семинар-машғулиятҳои омӯзишӣ бо масъулин ва мутахассисони соҳа имкон медиҳад, ки камбудиҳои мавҷуда саривақт ошкор гардида, ҷиҳати ислоҳи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

    Чанде  пеш дар толори  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  чунин семинар-машғулият бо иштироки сардори Раёсати кишоварзӣ  ва муҳити зисти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобокалонов  Ҷонибек  доир гардид бо. Мавсуф  қайд  намуд, ки  омода намудан ва пешниҳод кардани ҳисоботҳои оморӣ аз рӯйи низоми муайян сурат мегирад. Барои  риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи муқарраршудаи омори  давлатӣ ба мақомоти дахлдори оморӣ ё саривақт пешниҳод накардани он тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ чораҳои таъсиррасонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ барои нодуруст пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ ё дигар маълумоти зарурӣ барои мушоҳидаҳои омории  давлатӣ ва феҳристи давлатии воҳиди оморӣ, мувофиқи моддаҳои 515, 516 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008, №455 ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

    Сардори Раёсати кишоварзӣ ва муҳити зисти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Алиқулов Азамҷон, омори ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Дар анҷоми семинар масъулини соҳаи кишоварзии ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия   ба саволҳои худ посух гирифтанд.

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx