МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » СУХАНГӯӣ ҲАМ ҲУНАР АСТ

СУХАНГӯӣ ҲАМ ҲУНАР АСТ

СУХАНГӯӣ ҲАМ ҲУНАР АСТ

   Дар рухсатии меҳнатӣ будам. Рӯзе барои ҳоҷате ба кӯча баромада тарафи нуқтаи сӯзишворӣ мерафтам. Ду духтари ҷавони тахминан 13-14 сола аз пешам салом дода гузаштанд.

  Дар дилам ба онҳо барои чунин одобашон аҳсан хонда, хеле хурсанд ҳам шудам. Аз ман чор ё панҷ қадам пеш рафтан пас алфози онҳо дигар шуд. Чунон суханони қабеҳе мезаданд, ки аз шарм пеши чашмонам сиёҳӣ зад. Албатта аз шунидани чунин суханҳои қабеҳ ва ноҳамвор дар кӯча шарми кас меояд.

  Дар дасти якеаш телефони мобилии калон, байни роҳ истода худашро аккосӣ мекард. Ба пешашон нақлиётҳои сабукрав мегузаштанду ба онҳо садо дода мегуфтанд, қаду қоматашонба мурем гуфта, мегузаштанд. Духтарҳо бошанд, дар аробаи шалақатон фалону бисмадон кунам гуфта, рӯяшонро ба дигар тараф гардонда, бо суханҳои қабеҳи русӣ ронандагони мошинҳои сабукрави аз роҳ мегузаштагиро дашном медоданд. Наздашон омадам. Духтарҳо шумо хонандагони кадом муассисаи таълимии ноҳия ҳастед. Бо нигоҳи норозиёна ба ман нигариста бар лаб санги хомӯшӣ заданд. Якеаш ба дигараш гуфт биё аз инҷо равем. Медонӣ? – ин корманди шуъбаи маориф асту ба директор хабар медиҳад гуфта, роҳи хонаро пеш гирифта, гоҳ – гоҳе ба қафояшон дуздида – дуздида ба тарафи ман нигоҳ мекарданд.

  Ба хона даромада маҷбур шудам, ки чанд сатрро рӯи қоғаз орам, вагарна виҷдонам маро ором намегузорад. Пас суоле ба миён меояд, ки писар ё духтари ноболиғи синни мактабӣ дар дасташ телефони мобилӣ аз хона барояд, падару модар ӯро намебинад? – мебинад, аммо куҷо нигоҳ мекнанд. Дар ҳоле, ки таълиму тарбияи фарзанд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба зиммаи волидайн буда, мувофиқи моддаи 8-уми қонуни мазкур истифодаи телефони мобилӣ барои фарзанди ноболиғ манъ аст. Ба андешаи банда бояд ҳар як шахс алфози хуш дошта бошад. Танҳо шахсе ба дили халқ роҳ ёфта метавонад, ки ба ҳеҷ кас ҳарфи бемурруват намегӯяд ва хушмуомилаву хушгуфтор бошад. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки «Сухани хуш бақои умри инсон аст». Оре, танҳо сухани хушу гуворост, ки морро аз хонааш берун месозад. Бо шунидани сухани хуш, лаҳни гуворо инсон дилаш гул-гул мешукуфад ва рӯҳаш болида мегардад. Вақте суханони шодиовар ва хурсандиро мешунавем, баъзан вақт аз хурсандӣ худро гум мекунем, гӯйё олам тамоман рушан бошад.

  Аз гуфтаҳои Шайх Саъдӣ чунин бармеояд, ки бояд ҳар шахс сухани дар дил доштаашро аввал биандешад ва баъд ба забон орад.

Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.

  Ҳар яки мо аввал андеша кунему баъд суханрони. Чунки захми ҳар як ҳарфи нохуш инсонро дилсард ва дилмонда месозад.

  Тамоми хислатҳои инсониро дар ду маврид фаҳмидан мумкин аст. Яке дар сафар, дигар аз тарзи сухангӯиаш.

  Ба андешаи ман сухангӯӣ ҳам, ҳунар асту ҳам одоби ҳамидаи инсонӣ. Лафзи ширин ба монанди санги қиматбаҳост. Соҳиби ганҷина шудан мумкин ба шарте, ки ба китоб такя карда, пайваста омӯзем. Боқӣ қазоват аз Шумо.

мушовири фанни забон ва адабиёти

шуъбаи маорифи ноҳия

  Р. Эмомов

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx