МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » Дастовардҳои Истиқлолият

Дастовардҳои Истиқлолият

 Дастовардҳои Истиқлолият

   Яке аз масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаву ташкилотҳои ватанӣ дар асоси истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои навтарин мебошад.

  Бино бар ин дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Балх-и ноҳия боз як иншооти истеҳсолӣ ҶДММ-и хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бо номи «Шоҳсутуни Сомониён» ба истифода дода шуд.

  Корхонаи мазкур аз моҳи марти соли 2018 инҷониб фаъолият намуда истодааст, ки бо шарофати ифтитоҳёбии корхонаи хурди истеҳсолӣ 2 нафар шаҳрвандон Тухтаҷон Аюбов ва Абдуҷамил Олимов ба ҷои кори доимӣ таъмин гаштаанд.

  Бояд гуфт, ки баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳибкорон ва сокинони ноҳия дар пайгирӣ аз давлати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди умури бунёдкориву созандагӣ, бо нишони дастгирии сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътимоди қавӣ ба фардои неки Ватани маҳбуб дар маъракаи ободонӣ мавқеи пешсафиро ихтиёр намудаанд. Зеро сокинони ноҳия ба хубӣ дарк мекунанд, ки дар шароити имрӯза истеҳсолот пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

  -ҶДММ-и «Шоҳсутуни Сомониён» алҳол барои дастрас кардани шир бо як қатор фермаҳои ширию молии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шаҳрвандони ноҳия ҳамкорӣ намуда, тасмим гирифтаем, ки дар қатори дигар шаҳру навоҳӣ сокинони ноҳия ва шаҳри Бохтарро бо ду намуди маҳсулоти ширӣ яъне Панири Оландии Эсхата ва қаймоқ таъмин намоем, - афзуд Давлат Искандаров, сармуҳосиби корхонаи мазкур.

  Ҳамчунин иброз дошт, ки маҳсулоти корхона ба қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ буда, дар тарзи тайёр намудани Панири Оландии Эсхата онҳо танҳо аз намак истифода мебаранду халос, ки ин безарар ва барои саломатӣ фоиданок мебошад.

  - Мо аз сокинону хоҷагидорон ва шаҳрвандони ноҳия ҳар як летири ширро бо маблағи 1 сомониву 80 дирам харидорӣ намуда, дар як моҳ 250 то 280 килограм панир истеҳсол менамоем, ки онро дар бозори марказии ноҳия ва дар бозори шаҳри Бохтар ҳар як килограмашро бо маблағи 33 сомонӣ ба фурӯш гузоштаем, мегӯяд Д. Искандаров.

  Бояд зикр намоям, ки дар қабати корхонаи номбурда ҳамзамон корхонаи мавсимии ҶДММ-и «Навбаҳор 2013» фаъолият дорад, ки аз рӯи 10 намуди маҳсулот аз ҷумла пиёзи анзур, мураббои қулфинай, мураббои олу, мураббои зардолу, мураббои шафтолу, мураббои себи биҳӣ, мураббои лиму, ассартӣ, тамат ва бодиринг истеҳсол менамояд, ки ба гуфти масъулин алҳол дар чоруним ҳазор зарфҳои шишагин намудҳои гуногуни мурабборо захира намудаанд.

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx