МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯ ДАР 28 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯ ДАР 28 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯ ДАР 28 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

  Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданду ҳастанд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фаро гири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати мили худ ноил гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 26 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Пас аз ба даст овардани Истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ  базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд. Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид, ки вай роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Иқтисодиёт роҳи бозоргониро пеш гирифта истодааст. Қариб ҳамаи заводу корхонаҳои нав бунёд шуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ ва канданиҳо мебошад. Бо ёрии инвиститсиҳои хориҷӣ ва бо қувваи шаҳрвандон саноат пурра барқарор шудааст. Аксарияти аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ва занон ташкил дода, бештари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳама мардуми бо шарафу меҳнатдӯсти мамлакат аз рӯзи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ бо дасту дили гарм машғул мебошанд. Дар давраи 28 соли истиқлолият Тоҷикистони азиз бо як гушаи биҳиштосои олам табдил ёфтааст. Бояд қайд кард, ки меваҳои ширини Истиқлолият дар ноҳияи мо дар ҳар қадам ба чашм мерасанд. Асфалтпӯш намудани 1, 5 километр роҳҳои автомобилгард дар деҳаҳои Учқун ва Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Ҳалевард ва ҳамзамон асфалтпӯш намудани 300 километр роҳҳои афтомобилгард дар деҳаи Фрунзеи Ҷамоати деҳоти Фрунзе мавриди истифода қарор гирифтанд.

  Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор корхонаи саноатӣ, биноҳои замонавӣ, сохтмони роҳу купрӯкҳои нав, нуқтаҳо фурӯши маҳсулотҳои гуногун, сӯзишворӣ ва ободкорию гулзоркунӣ низ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Дар солҳои Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ рӯ ба тарақӣ ниҳода, истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ афзуда гардида, мамлакат рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Дар соҳаи маориф дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, дар ҳудуди аксарияти таълимгоҳҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, чанд мактаби миёнаи умумӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз ҷумлаи онҳо сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ ва толори варзишӣ дар ҳудуди муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 30 дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард мебошад. Барномаи компютеркунони муассисаҳои таълимӣ то ҷое иҷро гардида, як қатори онҳо бо шабакаи «Интернет» пайваст гардида, ҳамзамон муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин гардида, дараҷаи сифати таълиму тарбияи насли наврас рӯз аз рӯз бехатару хубтар гардида истодааст.

  Вазъи муассисаҳои тандурустии ноҳия низ ба талаботи рӯз ҷавобгу буда, дар даврони Истиқлолият даҳҳо бунгҳои тибби ва беморхонаи замонавӣ бо таҷҳизотҳои беҳтарини табобатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

  Ба шарофати Истиқлолият имрӯз ҳамаи нуқтаҳои савдои хуроки умумии ноҳия фаъолияти самарабахш намуда, ба аҳолӣ хизмати шоиста мерасонанд. Тавасути Истиқлолият мо ба ҳадафи дигари худ баромадан аз бумбасти комуникатсиони ноил гардидаем.

  Имрӯз ба симои зебои дилорои деҳаю маҳалҳои ноҳия дида духта дилат аз фараҳ лабрез мегардад. Танҳо қайд намудани корҳои ободонию созандагиро дар ҷамоати деҳоти Навобод басанда мебошад. Дар ин ҷо дар як муддати кутоҳ маркази савдои замонавӣ, бозори ҷавобгуи ҳама маҳсулотҳо, тарабхонаи кушоду барҳаво, корхонаи коркарди истеҳсоли маҳсулоти меваи хушк, аз ҷумла зардолу ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар соли нави таҳсили 2016-2017 дар ҷамоати деҳоти Навобод мактаби Президенти ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар кушода шавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Дар вилоят дар солҳои Истиқлолият Сарвари давлат ба ноҳияи мо шаш маротиба бо сафари корӣ ташриф оварда, кору фаъолияти меҳнаткашони ноҳияро мусбӣ арзёби намуданд. Имрӯзҳо дар ноҳия корҳои ободонию зозандагӣ бо авҷ идома доранд.

  Дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои сохтмони иншооти гуногун ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ширкати И.Сомон дар маҷмӯъ 25 гектар замин ҷудо карда шудааст. Сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст. Иншооти калонтарини он Маҷмааи варзишӣ ба ҳисоб меравад. Майдони он 11 гектарро фарогир буда, маблағи сохтмонии ин Маҷмааи варзишӣ 36 миллион сомониро ташкил дода, варзишгоҳ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.Тибқи нақша Маҷмааи варзишӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар соли 2020 ба истифода дода мешавад. Аз ҷониби Ширкати Исмоили Сомонӣ дар саҳни Маҷмааи варзишӣ майдони Парчами миллӣ бунёд хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар назди ин Маҷмааи варзишӣ сохтмони Мактаб - литсейи президентӣ дорои ду хобгоҳ барои хонандагон ва омӯзгорон оғоз гардида, лоиҳаи сохтмони муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак омода шуда, сохтмони он оғоз гардид.

   Боварии комил аст, ки меҳнаткашони ноҳия ҷашни пуршукӯҳи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дасту дили гарм ва рӯи сурху сари баланд истиқбол менамоянд.

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx