МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » ПЕШГИРӣ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

ПЕШГИРӣ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

ПЕШГИРӣ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

Илтиҳоби кирмрӯда (Апендецит) чист.

    Илтиҳоби кирмрӯда (Апендецит) ин бемории шадиди рӯдаи кирмшакл мебошад. Рӯдаи кирмшакл дар авали рӯдаи ғафс, қисми куррӯда ҷойгир аст. Ҳаҷмаш 0,6-0,8 буда, дарозиаш 6-8 см мебошад. Ҷои гузариши кирмрӯда ба куррӯда дорои ҳалқамушак (сфинктер) мебошад.

    Сабабҳои пайдоиши бемории апендецит илтиҳоби рӯдаҳо, бемориҳои вируси бактериявӣ ва инчунин риоя накардани реҷаи хурокхӯрӣ аст, ки дар натиҷа илтиҳоби рӯдаи кирмшакл деворҳояш варам гашта, ковоки он хурд мешавад ва ҷисм дар ковоки он буда ба куррӯда гузашта наметавонад, фишори дохилӣ зиёд шуда, гардиши хун дар деврҳои кирмрӯда вайрон мешавад ва пӯсиши деворҳои он сар мешавад. Дар ин давра аломатҳои беморӣ дар шахси бемор пайдо мешавад.

   Агар бемор сари вақт ба табибони ҷарроҳ муроҷиат намояд, баъд аз муайян намудани таҳлили лейкоцит ба амалиёт гирифта мешавад, ки давоми 3-4 рӯз шифоёбӣ оғоз мегардад. Ҳангоми дер муроҷиат кардани бемор оризаҳои зиёд меорад. Аз ҷумла кафидани кирмрӯда, пӯсиши кирмрӯда, ки ба тамоми шикам паҳн шуда саломатии беморро бениҳоят вазнин мекунад. Дар чунин ҳолатҳо амалиёти ҷарроҳии калон гузаронида, тамоми ковокии шикам, рӯдаҳо шуста ва аз ҳама қисми он найчагузорӣ карда мешавад. Дар натиҷаи вазнини бемор ва паҳншавии бемор ба тамоми бадан заҳролудшавии организм, ки аз ин шумораи беморон аз 3% то 15% фавт дида мешавад. шифоёбӣ дар мавриди оризаҳо низ тулонӣ буда, корношоямӣ бемор низ дароз мекашад.

   Аз ин лиҳоз аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми дарди шикам ҳатман ба табибони ҷарроҳ муроҷиат намоянд, ки сари вақт қарори дуруст бароварда шавад.

Саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯ мебошад.

 

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx