МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » Чорабинии фарҳанги бахшида ба 812 солагии мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Чорабинии фарҳанги бахшида ба 812 солагии мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Чорабинии фарҳанги бахшида ба 812 солагии мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, рӯзи 30 сентябри соли 2019 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ 812-солагии шоиру мутафаккири адабиёти форсу тоҷик- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат суханронӣ намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда табрик намуд. Абусаломзода Анзурат зикр кард, ки  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  дар Вахшонзамин таваллуд ёфта, минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тӯли ҳаёти бобаракати хеш асарҳои оламшумул эҷод намуд, ки имрӯз ба туфайли осори пурарзиш ва гаронмояи худ  машҳури дунё мебошад. Ин орифи барҷаста бо намояндагони қавму миллат ва мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздик буда, дар осори худ инсониятро ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ даъват мекунад.

Сипас ба ѓолибони озмуни ноҳиявии «Мавлавихонӣ», ки бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор  шуда буд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки  аз  суруду таронаҳои дилошӯби Мавлоно  иборат буд, пешкаши ҳозирин гардониданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ғазалҳои баландмазмуни Ҷалолиддини Балхиро қироат намуда, хотири тамошобинонро болида гардониданд.
dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx