НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » 18 - август Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.
август 26 2022

18 - август Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.

                                                                                                                                                                         

    Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми август ҳамчун Рўзи  кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 18 августи соли 2022 дар толори калони мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, Қурбонов Ниёзмаҳмад - сартабиби беморхонаи  марказии ноҳия  ва  кормандони  соҳаи  тандурустӣ  маҷлиси тантанавии Рўзи кормандони соҳаи тиб таҳлил карда шуд.

     Нахуст Убайдуллои Файзулло - раиси ноҳия тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қадршиносӣ аз хизматҳои шоёни табибон аз соли 1995  инҷониб санаи 18 август ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи идҳои давлатӣ ворид гардид.

      Басо рамзист, ки 18 август устоди табибони ҷаҳон, фарзонафарзанди миллати тоҷик ва бузургтарин симои олами илму дониши башарӣ Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ   дар ватани азизамон ба маротиб рушд намуда истодааст.

      Баъдан  Қурбонов Ниёзмаҳмад-сартабиби беморхонаи марказӣ ва Холов Азизулло- роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия суханронӣ намуда, табибонро ҳамчун пайравони асили Синои бузург маънидод карданд ва иброз доштанд, ки табибон минбаъд низ рисолати касбии хешро сарбаландона иҷро намуда, баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа хизмати пурсамар менамоянд.

      Дар қисмати охири чорабинии мазкур собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи тандурустӣ ва фаъолияти бисёрсола дар роҳи хизмат ба халқу Ватан бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 август 2022
Асосӣ / Маориф
Машварати августии

Санаи 16 августи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи варзишгоҳи

21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031