МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » НАҚШАИ ҲОСИЛИ

НАҚШАИ ҲОСИЛИ

Нақшаи ҳосили

 пахтаро иҷро намуданд

   Амри раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 6 сентябри соли 2019 таҳти №51 ҷиҳати ҳавасманд намудани хоҷагиҳои пахтакор баҳри иҷрои нақшаи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта кишоварзони ноҳияро рӯҳбаланд намуд. Хоҷагиҳои кишварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои иҷро намудани нақшаи ҷамъоварӣ ва супориши пахта барои соли 2019 талош намуда, саъй менамуданд, ки ҳам нақша сари вақт иҷро шавад ва ҳам сазовори мукофотпулии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гардад.

   Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ва намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Кличев Абдуҷабор дар ҷаласи ситод иштирок намуда ба талоши кишоварзони ноҳия баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани дастранҷи деҳқонон баҳои баланд доданд. Аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки суръати чиниши пахтаро суст накарда, дар иҷрои нақшаи дурнамои ҷамъоварии пахтаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.

   Инак аз рӯйи натиҷагирии фаъолияти кишварзон дар марҳилаи гузаштаи ҷамъоварии «тиллои сафед» байни хоҷагиҳое, ки то 10 гектар замин доранд хоҷагиҳои зерин ба сафи беҳтаринҳо шомил гаштанд:

Ҷойи якум:

   Хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «С. Ҷаббор»-и Ҷамоати шаҳраки Балх, «Сафаралибобо»-и Ҷамоати деҳоти Ҳалевард, «Абдураҳмон»-и Ҷамоати деҳоти Узун, «Наимзода»-и Ҷамоати деҳоти Калинин ҳар кадоме ба маблағи 400 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷойи дуюм:

   Хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Бобои Юнус»-и Ҷамоати деҳоти Ҳалевард,  «Аъзамҷон»-и Ҷамоати деҳоти Навобод ҳар кадоме ба соҳиби 300 сомонӣ маблағ гардиданд.

Ҷойи сеюм:

   Хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Ҷонибек»-и Ҷамоати деҳоти Ҳалевард, «Ҳасанҷон»-и Ҷамоати деҳоти Навобод ба маблағи 200 сомонӣ ҳавасманд карда шудаанд.

 

  dle

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx