МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » ДАР ҲОЛАТИ МУШОҲИДА НАМУДАНИ КОНСЕРВАҲОИ БОЛОПӯШАШОН БАЛАНДШУДА Ё ДИГАРГУН ГАШТАНИ СИФАТИ МАҲСУЛОТ АЗ ИСТЕЪМОЛИ ОН ХУДДОРӣ КУНЕД

ДАР ҲОЛАТИ МУШОҲИДА НАМУДАНИ КОНСЕРВАҲОИ БОЛОПӯШАШОН БАЛАНДШУДА Ё ДИГАРГУН ГАШТАНИ СИФАТИ МАҲСУЛОТ АЗ ИСТЕЪМОЛИ ОН ХУДДОРӣ КУНЕД

Дар ҳолати мушоҳида намудани консерваҳои болопӯшашон баландшуда ё дигаргун гаштани сифати маҳсулот аз истеъмоли он худдорӣ кунед

Ботулизм яке аз намудҳои вазнини заҳролдушавӣ буда, бештар дар ҳолати истеъмоли ҳасиб ва маҳсулоти консервагии помидор, бодиринг, боимҷон, замбурӯғ ва ғайра дар шароити хона тайёр кардашуда ба амал меояд.

Дар ҳолати риоя накардани талаботҳои коркарди маҳсулот, аз ҷумла ба таври лозимӣ нашустани меваю сабзавот барангезандаи ботулизм афзоиш ёфта, аз худ заҳр хориҷ мекунад. Дар чунин ҳолатҳо то андозае фишори дохилии зарф баланд гардида, маҳсулот низ камее мазаи талхиро мегирад, ки на ҳар кас онро ҳис карда метавонад. Истеъмоли ин гуна маҳсулоти консервагӣ хавфнок буда, оқибати нохуш дорад.

Хирашавии чашмон, пайдо шудани ғубор ва сиёҳӣ дар пеши чашм, ҳис кардани хушкӣ ва хориш дар гулӯ, фалаҷшавии мушакҳои забон, коми мулоим ва гулӯ, дағал ва заиф шудани овоз аз ҷумлаи нишонаҳои заҳролудшавӣ ба ҳисоб мераванд.

Пайдошавии бемори баъди истеъмоли ин гуна маҳсулот дар муддати аз 12 то 36 соат ба амал меояд. Баъзан аз 6 соат то 5-7 рӯз ва аз ин ҳам зиёд аломатҳои заҳролудшавӣ дар организм пайдо мешавад. Муҳлати пайдошавии аломатҳои беморӣ чӣ қадар кӯтоҳ бошад, заҳролудшавӣ ҳамон қадар вазнин мегузарад.

Роҳҳои пешгирии беморӣ

- меваю сабзавотро тоза шустан;

- зарф ва болопӯшашро дар ҳарорати баланд безарар гардонидан;

-миқдори намак дар маҳсулоти консервагӣ бояд на камтар аз 8 то 10%-ро ташкил диҳад;

-меваю сабзавотҳои сифаташон хуб истифода карда шавад;

-ба ин кор танҳо шахсони таҷрибадор машғул шаванд;

-маҳсулоти консервагӣ дар шароити ҳарораташ паст нигоҳ дошта шавад.

Дар ҳолати мушоҳида намудани консерваҳои болопӯшашон баландшуда ё дигаргун гаштани сифати маҳсулот аз истеъмоли он худдорӣ кардан лозим аст. 

Маркази ташаккули

тарзи ҳаёти солими ноҳия

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx