НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД
сентябрь 16 2022

ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД


                                       ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД

   Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар кӯдакони дар он хонадон тавлидшуда ва аз онҳо тарбиягирифта мебошанд. Вақте ки кӯдак аз хурдӣ дар зери назорати солим ва тарбияти дуруст аст, ӯ албатта шахсияти ба ҷомеа нафърасон пешкаш мешавад. Мутаассифона, на ҳама оила ба тарбияи дурусти фарзанд диққат медиҳанд. Қариб ҳамарӯза дар роҳгузарҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мебинам, ки кӯдакон бо якдигар дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Мушоҳида мекунам, ки баъзеи падару модар дар таълиму тарбияи фарзандаш бетараф аст, фарзандашро ба мактаб месупораду дигар аз аҳволаш хабар намегирад. Падару модароне ҳастанд, ки баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила мекунанду фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур менамоянд, онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ ва дигар корҳо сафарбар менамоянд. Ҳамин аст, ки барои баъзеи кӯдакон дашномҳои қабеҳ сухани муқаррарӣ шудааст. Сабаби дигар он аст,ки дар баъзе оилаҳо падару модар бо якдигар дашном дода ҷанҷол менамоянд, ки дар натиҷа кӯдакон аз онҳо меомӯзанд. Бояд, ки падару модарон дар назди кӯдакон муомилаи хуб намоянд, то ин ки фарзандон таълиму тарбияи дуруст гиранд. Падару модарнро лозим аст, ки дар маҷлисҳои кумитаи падару модарон иштирок намуда, аз донишу тарбияи фарзандонашон аз омӯзгорон пурсон шуда донанд, ки тарбияи фарзандонашон дар кадом сатҳ қарор дорад. Баъзеи падару модарон фарзандонашонро ба мактаб месуоранду худ аз паси зиндагӣ мешаванд, рӯзҳо мегузаранду аз фарзандаш боре намепурсад, ки ӯ чӣ лавозимоти дарсӣ дорад. Волидон вазифадоранд, ки пайваста хоҳишкунанд: «Дафтару рӯзномаатро биёр аз назар гӯзаронам, ки имрӯз ту чӣ дарс хондӣ?» Оилае, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққат намедиҳанд, дар натиҷа кӯдакон дар муҳити носолим ба воя мерасанд ва ба корҳои номатлуб даст мезананд, ки оқибатҳои бадро ба бор меорад. Агар фарзанд беадаб бошад, соҳиби ягон касбу ҳунар намешавад. Бояд ки насли наврас хонанду омӯзанд ва мактабро хатм намуда дар донишгоҳҳо дохил шаванд, соҳиби касбу ҳунар шуда, ояндаи худашонро дурахшон созанд. Ёдовар бояд шуд, ки меъмори аввалин дар тарбияи фарзанд аҳли оила аст. Ба ин маънӣ шоир басо ба маврид гуфтааст: Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ. Яке аз шахсияти бузург ва раҳнамои роҳи тарбия Унсурмаолии Кайковус дар асари худ «Қобуснома» ва ё «Насиҳатнома» ба фарзандаш-Гелоншоҳ панд медиҳад, ки аз хурдӣ на ба ҷамъ кардани молу сарват, балки ба омӯзиши илму дониш, ки ганҷи бебаҳост, машғул шавад. Кайковус ба тарбияи насли наврас пеш аз ҳама падару модарон ва омӯзгоронро масъул дониста, аз ҷумла яке аз вазифаҳои асосии падарро дар таълиму омӯзонидани илму дониш ва ҳунару пешаҳои зарурӣ ба фарзанд мешуморад ва ӯро ба иҷрои ин вазифа даъват менамояд. Пас, бояд, ки ҳарчӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар, фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падар он ҷо оварда бошӣ, аз ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Ҳарчанд, ки агар ҳеҷ мояи хирад надорад, агар ту адаб омӯзӣ ва агар наомӯзӣ рӯзгораш биёмӯзад. Падару модарро ҳам тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтанӣ. Мо, насли калонсол, аз омӯзиши таърихи гузашта бояд огоҳ бошем, ки тарбияи фарзанд дар тамоми давру замон барои падару модар вазифаи асосӣ ба шумор меравад. Фарзанди нек ба камол расонидан машаққатҳои зиёдеро дорад. Табиист, ки рафтору гуфтори некро кӯдак аз хона омӯхта ба берун мебарояд ва он чи ки аз берун меорад, бояд таҳлил карда шавад. Мо аксар вақт мешунавем, ки фарзанд ба таърифу тавсифи ҷӯраҳояш дода мешавад, вале ба сухани ӯ кам аҳамият медиҳем. Аз ҷумла, мегӯянд, ки кадом ҷӯрааш ба бозии кампютер рафтааст, ё ин ки падараш ба ӯ телефон харидааст. Бояд, ки падару модар ба кӯдак фаҳмонда диҳанд, ки кадом рафтор хуб асту кадомаш бад. Қисми зиёди кӯдакон аз кӯча одоб меомӯзанду дар он ҷо калон мешаванд, вале он ба кадом роҳ мебарад аз падару модар вобастагӣ дорад. Бояд онҳо фарзандро дар кӯча танҳо нагузоранд ва ҳар он чӣ диду гирифт, бетафовут набошанд. Ташаббуси Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо барои солимии оила ва ҷомеа зиёд аст. Маҳз баргузории озмунҳои бонуфуз метавонад, ки бачаҳои дурмонда аз тарбияро низ ба худ чун ҷалб намояд. Метавон волидон ва парасторони онҳо аз ин имкониятҳои пешбар истифода бурда, ба дурустии тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намоянд. Тарбияи дурусти кӯдак аз сатҳи маърифату эътибори падару модар ибтидо мегирад. Насли наврас бояд, ки роҳнамои соҳибмаърифату донишманд ва арзандаи худро пайдо намоянд. Пас роҳнамоию роҳкушоӣ аз мост.

                                   

        Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                       

                                                           

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 16 сентябрь 2022 09:41
  • Категорияи нашр: Асосӣ / Маориф
  • Шумораи диди нашр: 607
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Боздид аз намоишгоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи биноҳои хобгоҳ

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930