НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Сентябрь 2022 года » Страница 4

                                                                                                                                                                             

     ШОМИ ИСТИҚЛОЛ Суратгузориш аз рафти чорабинӣ таҳти унвони "Шоми Истиқлол"-и Ҷамоати деҳоти Калинин, Беморхонаи марказӣ ва марказҳои соҳавӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бозори ҷамоат ва Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 6.09.2022

 


 

                                                                                                                     

   Бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи марказии ноҳия намоиши китобҳо баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзулло, муовинон, намояндагони шуъбаи маориф роҳбарони муассисаҳо ва омӯзгорон хонандагон иштирок намуданд. Пеш аз оғози ҳамоиш дар саҳни бино намоиш - фурӯши китобҳои нашриёти ватанӣ доир гардид.      

 

  

    Шоми  Истиқлол  суратгузориш  аз  рафти  чорабинӣ  таҳти  унвони  "Шоми   Истиқлол" -  и  Ҷамоати деҳоти  Маданият, Хоҷагии ба номи  Турахон Исанқулов,   Корхонаи  давлатии   фаръии  "Хоҷагии  манзилию коммуналӣ",  шуъбаи Агентии     меҳнат  ва  шуғли  аҳолӣ,     Маркази  алоқаи  почтаи ноҳия,  Хоҷагии  Абдувадуд Дӯстов,  Филиали  "ҶСК  - и"   "Тоҷиктелеком"  дар  ноҳия  ва  ҶДММ  "МПМК Колхозобод" - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 5.09.2022                                                                                                             

       Аз 1 то 9 - сентябр ба истиқболи ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ пешниҳоди сокинони ноҳия гардонида мешавад.

       Аз ҷумла бо қарори раиси ноҳия аз 30 августи соли 2022, Нақшаи - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба омодаги ва таҷлили ҷашни 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони ноҳия тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷояги бо бахшу идораҳо, аҳли ҷамоатҳои ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҷамоатҳо сафарбар карда шудаанд.  

   

 

     Оғози рӯзи дониш дар мактаби Байналмилалии Президентӣ                              Суратгузориш  аз  рафти  Рўзи  дониш  ва  Дарси  сулҳ  дар  Мактаби  байналмилалии Президентӣ  бо  иштироки  раиси  ноҳия  Убайдуллои  Файзулло, Шарипов Шайдулло-намояндаи  Мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ  ва прокурори  ноҳия  Собирзода Искандар.

   Имрӯз  бахшида ба  Рӯзи дониш  дар ҳамаи  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ занги  аввал  садо дод.  Ҳамасола  дар  ин  рӯз чун анъана дар  тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

   Аз ҷумла дар Мактаби байналмилалии  ноҳия  бахшида ба  Рӯзи  дониш  раиси  ноҳия Убайдуллои Файзулло,  Шарипов  Шайдулло  намояндаи  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар  хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии соли  нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо  дарси  сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин бо муносибати ифтитоҳи бинои замонави самимона тарику таҳният гуфтанд.  

 

                                                                                                               

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Сентябрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930