Ифтитоҳи "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ" дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи "Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ", "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ"-ро мавриди истифода қарор доданд.

   Масоҳати Хона-музей 1000 метри мураббаъ ва баландии он 3,5 метр мебошад.

   Хона-музей дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии миллати кӯҳанбунёди тоҷик, гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шудааст.

    Дар рафти корҳои сохтмон беш аз 45 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб карда шуда, Хона-музей бодарназардошти унсурҳои қадимаи шаҳрсозии халқи тоҷик бунёд ёфтааст.

     Сутун ва дари хонаҳо бо санъати баланд кандакорӣ шуда, диққати ҳар бинандаро ҷалб месозанд. Хонаи рамзии Мавлоно аз ҳавлии дарун ва берун иборат мебошад.

   Дар пешайвони даромадгоҳ аз дохил шоҳбайти Мавлоно ҳаккокӣ гардидааст. Бахши аввали хонаро “Ҳавлии берун” ташкил медиҳад.

   Дар байни ҳавлии берун сутуни кандакоришуда гузошта шудааст, ки он рамзи анҷоми рақси “Самоъ” аст.

   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ", бунёди онро дар замони ҷаҳонишваии фарҳангҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз худ кардани таърих ва омӯхтани гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

   Пешвои миллат таъкид доштанд, ки бояд насли наврас осори пурҳикмати Ҷалолиддини Балхиро, ки аҳамияти бузурги маънавӣ дорад, бахусус асари безаволи "Маснавии маънави"-и ӯро мутолиа намуда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худро тақвият бахшанд.

   Аз тарафи рости даромад ба “Ҳавлии берун” “Дарсхона” ҷойгир аст, ки аз ду тиреза ва як меҳроб иборат аст. Хона бо усули анъанавии аҷдодӣ гиландова ё андова бо коҳгил сохта шудааст.

   Дар идомаи “Дарсхона” хонаи зисти Мавлоно ҷой гирифтааст.

    Хона аз ду бахш иборат аст. Даҳлез дорои тоқчаҳо, ҷойи хӯрокпазӣ ва обҷӯшонӣ мебошад, ки ҳама аз гач сохта шудаанд. Бахши дуюм, ки нақши ҷойи истироҳатро дорад, аз сандалӣ ва тахтмон иборат мебошад. Дар ин хона чанд намуна аз кӯрпаву болишт ва либосҳои мардонаи давраи зиндагии Мавлоно гузошта шудааст.

   Аз тарафи чапи даромадгоҳи ҳавлии беруна китобхона ҷойгир аст. Китобхона асосан бо сандуқҳо барои нигаҳдории китобҳо гузошта шудааст.

   Қисмати дохили ин хона тиреза надорад ва фаршаш ҳамвор аст, бо як дари хурд ва як равзана барои додани ғизо аз хонаи берун ҷудо шудааст. Ин манзил вазифаи “Чиллахона”-ро иҷро мекунад. Хонаи берунаи назди “Чиллахона” барои нишаст бо гилем ва кӯрпачаҳо оро дода ёфтааст.

   Ҳавлии дарун ё дуюм, ки дорои саҳни васеъ мебошад, бо ду дарахти тути сафед дар марказ ва гул оро ёфта, дар деворҳо токчаҳо барои шамъчароғ ё пилтачароғ насб шудаанд. Саҳни ҳавлӣ давраи зиндагии Ҷалолиддини Балхиро бозгӯ менамоянд.

   Аз тарафи рости даромадгоҳи ҳавлии дарун меҳмонхона ҷой гирифтааст. Хона гиландова шудааст. Дар охири хона (самти шимолӣ) токчаҳо ва тахтмон барои рахти хоб аз гач сохта шудаанд.

   Дар охири ҳавлии дарун хонаҳо барои зист, ки аз ду бахш “Мардона ва “Занона” иборат мебошанд, ҷой гирифтаанд. Хона барои занҳо аз даҳлез бо пешайвон, хонаи нишаст ва дарун, ки дорои тахтмон мебошад, иборат аст.

   Хонаи мардона низ аз даҳлез, хонаи берун ва хонаи дарунӣ иборат мебошад. Ин хонаҳо бо гилем, қолинҳо ва кӯрпачаву болиштҳои мувофиқ ба замони Мавлоно оро дода шуда, дар деворҳои он намунаҳои гуногуни либосҳои мардонаву занонаи ҳамон давр овехта мешаванд. Даромадгоҳи хонаҳои мардона ва занона аз ҳам ҷудо, дар самтҳои гуногун ҷойгиранд.

   Аз тарафи рости даромади ҳавлии дарун ошхона ва танӯри нонпазӣ ҷой гирифтанд.

   Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили "Ворисони Ҷалолиддини Балхӣ" ташкил шудааст, ки дӯстдорони ашъори орифи тоҷик ба он ҷалб гардидаанд.

   Қобили зикр аст, ки то имрӯз осори пурғановати Ҷалолиддини Балхӣ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, чандин шарҳи«Маснавии маънавӣ» ба вуҷуд омадааст.

   “Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ" намои қадимаро ба худ касб карда, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи адиби халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад.

   Дар сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулону фаъолони вилоят ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромӣ доштани фарзандони фарзонаи миллат, омӯзиши васеи ашъори баландпояи Ҷалолиддини Балхӣ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас дастуру супоришҳои судманд доданд.

prezident.tj


Баргаштан
21-03-2022, 20:21