ҚАҲРАМОН АЗ МО ГУЗАШТ


                                 ҚАҲРАМОН АЗ МО ГУЗАШТ

   (Дар сугвории раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло) Марди хубу қаҳрамон аз мо гузашт, Як раиси меҳрубон аз мо гузашт. Бо ҷаҳони дигаре ҳамроз шуд, Чунки аз руи ҷаҳон аз мо гузашт. Қуввату дармони халқи хеш буд, Ҳамчу Рустам паҳлавон аз мо гузашт. Марди хубу оқилу фарзона буд, Некному покҷон аз мо гузашт. Ҳар салому ҳар каломаш шукр буд, Шукргӯён марди ҷон аз мо гузашт. Нурбахшо буд, ин ноҳияро, Ҳайф, моҳи осмон аз мо гузашт. Нек буду кору кирдораш накӯ, Марди поку ростон аз мо гузашт. Ин замон зору ҷигархунем мо, Раҳбари мо, ногаҳон аз мо гузашт. Мо зи лутфаш ҳамдилӣ омӯхтем, Чун падар, чун соябон аз мо гузашт. Ҳамчу фарзандаш бигӯем бо алам, Шаҳсутуни хонадон аз мо гузашт. Бо алам гӯем, андар шеъри худ, Номбардори замон аз мо гузашт. Эй Худо, ҷояш намо андар биҳишт, Чун, биҳишти ҷовидон аз мо гузашт. 09.12.2022 Малоҳат Толибова - фарзанди маънавии ин марди биҳиштӣ

Навиди Балх


Баргаштан
27-12-2022, 07:28