ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


 ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо санаи 24 декабри соли 2022 мувофиқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси вилоят муҳтарам Салимзода Амонулло дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба масъалаҳои истифодаи замин, таъмир ва иваз намудани трансформаторҳо, баррасӣ намудани проблемаҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба муовини якуми раиси вилояти Хатлон муроҷиат намуданд. Дар ҷараёни қабул Салимзода Амонулло арзу шикоятҳои ҳар як муроҷиаткунандаро шунида, масъулини соҳаои дахлдорро барои ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон вазифадор намуд. Таъкид карда шуд, ки ҳалли мушкилоти мардум яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як муроҷиати сокинон бояд саривақтиву мунсифона баррасӣ карда шавад. Сипас муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холиқзода Рустам оид ба корҳои иҷрошуда дар ёздаҳ моҳи соли 2022 ҳисобот дод. Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло оид ба ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандони ноҳия ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон ёдрас гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 


Баргаштан
27-12-2022, 08:10