КУМАК БА ЯТИМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023


 

КУМАК БА ЯТИМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023

   Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама иду ҷашнҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша, соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо ба мактаб-интернат ва маъюбону собиқадорони меҳнат кумакҳо расонида мешаванд. Дар ин замина санаи 28 декабри соли 2022 муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва роҳбарияти ноҳия ба муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз шароиту зиндагии мактаббачагон дидан намуданд ва аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода кумакҳои яквақтаина аз қабили хӯрокворӣ, сару либос ва туҳфаҳои хотиравӣ расонида, барояшон дастархони идона ороста шуд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандони алоҳида ва соҳибкорони ноҳия низ ба таври доимӣ кумакҳо расонида мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз ҳунармандони бахши фарҳанг ва мактаби санъати бачагонаи ноҳия бо пешниҳоди барномаи фарҳангию фароғатӣ хотири мактаббачагонро болида гардониданд. Ёдовар бояд шуд, ки айни ҳол дар мактаб-интернат 217 нафар хонанда аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 45 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аз шумораи хонандагон 15 нафар ятими кулл, 150 нафар нимятим ва боқимонда бепарасторон мебошанд

 


Баргаштан
30-12-2022, 07:20