ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


   Санаи 3 январи соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб ва Икромзода Фазлиддин иштирок доштанд. Зимни мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои Паёми Пешвои миллат ва нуқтаҳои муҳимтарини он маълумотҳои муфид доданд. Дар вохӯрии болозикр доир ба муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар мегирад суханронӣ намуда, талаботҳои асосии он - пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд. Зикр гардид, ки дар давраи солҳои 2018-2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-ум 1190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Одиназода Ҳуснигул иброз дошт, ки таълиму тарбияи дурусти фарзандон дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар вохўрии мазкур ҳамзамон қайд гардид, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури ҷавонписарон бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон зикр мекунанд: «Ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».

 

 

 

 


Баргаштан
5-01-2023, 12:21