ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ |
Санаи 3 январи соли 2023 дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар ва Икромӣ Фазлиддин вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Навоӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат вохӯриро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ноҳия хайрмақдам гуфт. Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуд. Зимни баромад оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуд. Дар идома Икромӣ Фазлиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қалб аз ҳама миннатдории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба кишоварзони мамлакат дар Паём дарҷ гардида буд, ба кулли кишоварзони ноҳия расонид. Инчунин баҳри идомаи рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ибрози андеша намуд.
Баргаштан |
5-01-2023, 12:34 |