ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН


ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

   Имрӯз 3 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Хоҷагии ба номи Турахон Исанқулови Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб вохӯрии муфид бо сокинони ҷамоати болозикр баргузор гардид. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуд. Одиназода Ҳуснигул оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат андешаронӣ намуд. Зикр дошт, ки занону бонувони кишвар пайваста зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз ва аз кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин бонувону занон дар соҳаи маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Мавсуф инчунин оид ба дастгирии доимии фаъолияти соҳибкории занону бонувон, таъсиси грантҳои президентӣ, оид ба тарбияи дурусти насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

 

 

 


Баргаштан
5-01-2023, 12:45