ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ


   Дар ҷаҳони имрӯз экстремизм ва терроризм чун зуҳуроти манфӣ ва ҷинояти фаромиллӣ хатари ҷиддӣ ба амният ва оромии ҷомеа мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд борҳо иброз дошта, таъкид кардаанд: «Террорист Ватан, миллат, дин, сарҳад надорад ва набояд онҳоро ба муътадилгарову таҳаммулнопазир ҷудо кард. Террористон дар ҷомаи дин даромада, барои амалӣ намудани ниятҳои худ одамонро бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонанд. Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест». Дар замони имрӯз терроризм бо шаклҳои нав зуҳур карда, ҳадафи иҷрогарони он бедор кардани ҳисси яъсу ноумедӣ ва тарсу даҳшат дар вуҷуди сокинони сайёра аст, то онҳо зиндагиро, ба навъе, ки террористон мехоҳанд, қабул намоянд. Агар ба сабабҳои пайдоиши экстремизм ва терроризм дар кишвари худамон нигоҳи сатҳӣ андозем, маълум аст, ки бесаводӣ, ваъдаҳои пулӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсили динӣ дар хориҷ, сомонаҳои интернетӣ ва заифии таълиму тарбия омилҳоеанд, ки ба шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мусоидат мекунанд. Яъне, агар як гурӯҳ ҷавонони тоҷик огоҳона ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шаванд, гурӯҳи дигар аз рӯи фиреб худро қурбони ғояҳои бофта мекунанд. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи Ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат бандад ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба Ватан хизмат намояд. Хусусан, ҷавонони меҳанро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд. Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад. Фазлиддин ЮСУФОВ, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

 

 


Баргаштан
5-01-2023, 12:48