ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 5 январи соли 2023 дар толори Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаев, Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султон вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат зимни суханронии хеш аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқу ташвиқи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Роҳбари давлат дарҷ гардиданд, вакилони Маҷлиси намояндагон дастур гирифтанд, ки ҳар кадом бо интихобкунандагони худ ҷиҳати тавсияи бахшҳои Паём дар маҳал бо мардум мулоқотҳо анҷом диҳанд. Сипас Шодиён Муҳаммад Султон миннатдории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба кишоварзони мамлакат дар Паём дарҷ гардида буд, ба кулли кишоварзони Ҷамоати деҳоти Золи Зар расонид. Инчунин баҳри идомаи рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ суханронӣ намуд. Мавсуф ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуд.

 


Баргаштан
12-01-2023, 06:50