НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022


                      НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022

   Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2023 бо иштироки муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Ризвонзода Фирдавс Зикр ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Холов Гулмаҳмад, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи қокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм, раисони кумитаҳои маҳалла баргузор гардид. Нахуст муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Холиқзода Рустам маърӯза намуда, зикр намуд, ки сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зери таассуроти Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Мақомоти олии қонунбарори кишвар дар Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, самаранок меҳнат намуда, барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд. Соле, ки сипарӣ шуд, барои миллати тамаддунофар ва соҳибистиқлоли тоҷик, аз ҷумла мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соли таърихӣ буда, дар ин сол 30 - солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рушд карда, муваффақиятҳои зиёд ба даст оварда шуд. Сипас муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин оид ба натиҷаҳои рушди соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, савдо ва хизмати комуналӣ дар соли 2022 суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 33 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегии кишвар буда, дар рушди минбаъдаи мамлакат аҳамияти бузург дорад ва барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат менамояд. Дар ҳудуди ноҳия 33 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла панҷ корхонаи навтаъсис бо таъсиси 39 ҷойҳои нави корӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар давоми соли 2022 ба ҳаҷми 229 млн. 981,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 56 млн. 432,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Зимни баромади худ муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат Абдусалом иброз дошт, ки фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2022 аз самтҳои муҳиме, ки диққати махсус зоҳир карда шуд, рушди соҳаи маориф буда, 68 млн сомонӣ, яъне 65%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳа равона карда шуд, ки дар натиҷа омӯзгорон бо музди маоши саривақтӣ таъмин гардиданд. Соли равон 2767 нафар хонандагон муассисаҳои таълимиро хатм намуда, 5708 нафар ба синфи якум қабул шуданд. Бо назардошти ин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо иқдом ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия бинои хуштарҳу замонавии Мактаби байналмилалии Президентӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон сохтмони 35 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №№ 11, 35, 28, 59, 22 ва 63 дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Соли равон хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз иштирок дар озмунҳои фаннии вилоятӣ 86 медал (12 тилло, 28 нуқра, 46 биринҷӣ) озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ 24 медал, (3 тилло, 6 нуқра, 15 биринҷӣ) ва аз озмунҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ 39 медал, (18 тилло, 8 нуқра, 13 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта аз сатҳи вилоятӣ 21 адад, аз сатҳи ҷумҳуриявӣ 12 адад ва аз сатҳи байналмилалӣ 32 адад зиёд аст. Дар фарҷом Холиқзода Рустам ба намояндагон бовар кунонд, ки заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми қувваҳои худро баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон равона менамоянд. Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарор қабул гардида, ба ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ирсол карда шуда, иҷрои онҳо таъмин ва назорат карда мешаванд.

   Суратгузориш аз рафти вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Мунаввара Алиакбар бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, оид ба татбиқу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 5.01.2023


Баргаштан
12-01-2023, 07:00