ҒОЛИБОНИ НОҲИЯ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД


                      ҒОЛИБОНИ НОҲИЯ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

     Санаи 4 январи соли 2023 дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупориҳо, аз ҷумла ҷоизасупории Федератсияи футболи Хатлон баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупориҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумла аз рӯи номинатсияи эҷоди назм ба ғолиби ҷои аввал директори МТМУ-и 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зебунисо Қосимова маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҳамчун туҳфа тақдим гардид. Ҳамзамон ба беҳтарин мураббӣ байни наврасон Дурвешов Музаффар, беҳтарин бозингар байни наврасон Муборов Умедҷон ва беҳтарин бозингарон байни духтарон Тахминаи Баҳром ва Раҳматова Ҷамила аз тарафи Федератсияи футболи Хатлон бо Ҷом, Диплом ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. 

 

 


Баргаштан
12-01-2023, 07:17