ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ ДАР НОҲИЯ


                              ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ ДАР НОҲИЯ

   Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2022, №228 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳияи беҳтарин ба тасвиб расида, тибқи Низомномаи озмун ва дар муҳлатҳои муқарраргардида озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд. Ҳадафи озмуни вилоятӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифодабарии замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ равона гардидааст. Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо зиёда аз 2 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1570 деҳаю маҳалла, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот, 465 оила, 513 кадбону аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи дуюми озмун дар баргузории озмуни вилоятӣ иштирок намудаанд. Комиссияи вилоятӣ ҳамаи маводҳои пешниҳодшударо таҳлил намуда, бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи озмун, ва қарори болозикри раиси вилояти Хатлон дар асоси ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои арзёбӣ чунин қарор қабул намуда, ғолибони озмун муайян гардиданд. Аз ҷумла шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун шаҳраки беҳтарини вилояти Хатлон дониста шуда, ба раиси ҷамоати ин шаҳрак Ҷабборзода Суҳроб Диплом ва мукофотпулӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 аз тарафи Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сарфароз гардонида шуд.

 

 


Баргаштан
12-01-2023, 07:48