МУСОБИҚАИ ШАШКА ВА ШОҲМОТ


   Аз санаи 6 январ то 15 марти соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври интихоби мусобиқаи шашка ва шоҳмот байни идораву ташкилотҳо баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳо ва варзишгароне, ки дар мусобиқа ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро ишғол менамоянд, бо ҷоиза, диплом ва медалҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин замина санаи 18 январи соли 2023 дар муассисаи давлатии рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» мусобиқаи шашкаву шоҳмот баргузор гардид. Дар ин рӯз кормандони шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия ва рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» иштирок намуданд.

 

 


Баргаштан
28-01-2023, 08:58