ВОХӮРИҲОИ МУФИД ОИД БА ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ


 Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 19 январи соли 2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар якҷоягӣ бо масъулони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯриҳои муфид бо омӯзгорон, падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Мақсад аз вохӯриҳои мазкур шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳкими ҳамкории падару модарон бо соҳаи маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии таълими ғайрирасмии динӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ- терроризму экстремизм, худкушию худсӯзӣ, аз таҳсил дур мондани ноболиғон, содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни хонандагон мебошад. Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба хатари терроризму экстремизм андешаронӣ намуда, зикр кард, ки терроризм ва экстремизм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байни давлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои террористӣ лозим аст. Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмилалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Мавсуф дар идома оид ба иҷрои талабот ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ кард. Таъкид намуд, ки таъмини иҷрои он яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар самти тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва рушду тафаккури миллии онҳо ба ҳисоб рафта, принсипҳои асосии ин қонуни миллӣ ба инкишофи фарҳанги ҳуқуқии наврасон ва солимии ин табақаи ояндасози ҷомеа нигаронида шудааст. Абдусаломзода Анзурат ҳамчунин доир ба таҳкими занҷираи ҳамкорӣ миёни мактаб ва волидайн андешаронӣ намуда, афзуд, ки ин иқдоми муассир дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ дорад. Дар фарҷом ба директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 7 ва 67 Шамсиддин Гадоев ва Мақсудҷон Маҳмудов супориш дода шуд, ки дар сҳни муассисаҳо сари вақт дарахтҳои мевадиҳанда, сояафкан ва гулҳои рангоранг шинонида, ҳамзамон барои омода намудани хонандагони муассисаҳои мазкур пайваста дар ҳамаи олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷойгоҳи намоёнро ишғол намудан тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Навиди Балх


Баргаштан
28-01-2023, 09:06