Мақоми зан дар партави сиёсати давлат!


   Ҷамъи бузургони олам–инсонҳои худогоҳ, ватанхоҳу дилогоҳ, ободкору созанда, ғамхору дарёдилу ҷасур, халқпарвар ва ҷамъи эҷодкорон, ҷумлаи ҳунармандон, нақошону расомон, ҳайкалтарошон, хирадмандону саховатпешагон ҳама фарзанди зан-модар ҳастанд. . Мо, ҳамчун, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

   Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардид, ки боиси беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид. Дар асоси Фармони мазкур санадҳои дигари меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба баробарии воқеии занону мардон дар ҷомеаи имрӯза мусоидат намуда истодааст.

      Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба кадрҳои роҳбарикунанда Ҳукумати мамалакат тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ меамояд, аз ҷумла “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030” марҳила ба марҳила қабул карда шуда, ки теъдоди умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоиз, дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, бонкдорӣ 39, алоқа 25 фоиз, хизматрасонии иттолоотӣ 40 фоиз мебошад. Таъсиси Грантҳои Президентӣ  барои густариши фаъолияти соҳибкории занон ва бонувон мусоидат намуд. Онҳо дар баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисодии кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонки ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман дар панҷ соли охири  маблағи қарзӣ ба занону бонувон пешниҳод шуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

    Ҳадафи асосии таваҷҷӯҳи Роҳбарияти сиёсии кишвар ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон фаъолгардонии қишрест, ки вазифааш тарбияи наслҳост. Мо бонувон итминони комил дорем, ки дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ фаъол бошем, зеро мо дар ҷомеа қувваи бузург мебошем ва ба неруву ташаббусҳои худ  сиёсати имрӯзаи Роҳбари давлатро ҳамаҷихата дастгири намуда, сармашқи фаъолияти худ қарор хоҳем дод.

 

Риоева Ҷавоҳир: Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

 

 

 


Баргаштан
4-02-2023, 09:50