ОЗМУНИ "СУРУДИ АЛЛА"


                                            ОЗМУНИ "СУРУДИ АЛЛА"

   Санаи 7 феврали соли 2023 тибқи нақша-чорабиинии тасдиқнамудаи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон да Чойхонаи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври озмуни вилоятии «Суруди Алла» таҳти унвони «Алла ифшогари орзуҳои модар» бо иштироки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Ҷаъфарзода Фарзона- мудири бахши кор бо оила, Латифзода Насиба- мудири бахши фарҳанг, мудири Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия Фирӯзаи Турахон ва мудири китобхонаи марказӣ Имомзода Адолат иштирок намуданд. Озмуни болозикр бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, арҷгузорӣ ба расму ойини миллӣ ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гузаронида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон аз тарафи Ҷамоати шаҳраки Гулистон ба ду ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 


Баргаштан
8-02-2023, 13:15