ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ



ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ

    Санаи 9 феврали соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло бо роҳбарони ташкилотҳои комплекси агросаноатии ноҳия, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Сараввал муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам оид ба вазъи соҳаи комплекси агросаноатии ноҳия дар давоми соли 2022 маълумот дод. Салимзода Амонулло вазифаҳои навбатиро барои соли 2023 баён намуда, оид ба масъалаҳои шудгор кардани заминҳо, шинонидани зироатҳои полезӣ,тайёрӣ ба кишти пахта, барқароркунии боғу токзорҳо, зиёд намудани гармхонаҳо ва ғайраҳо андешаронӣ намуд. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон зимни суханрониҳои хеш қайд намуд, ки кормандони соҳаи комплекси агросаноатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми қувваҳои худро баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон равона намуда, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда протокол таҳия намуда, иҷрои супоришҳо таъмин ва назорат карда мешаванд.

 

 

 

 

 

 


Баргаштан
10-02-2023, 14:00