РӮЗИ ИНТЕРНАТСИАЛИСТОН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД!


    Санаи 13 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабалӣ Абдулов 34-умин солгарди аз Ҷумҳурии Демократии Афғонистон баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ иттиҳоди Шӯравӣ бо тантана таҷлил карда шуд. Дар ин ҷамъомад роҳбарон ва намояндагони собиқадорони башардӯсти вилояти Хатлон, муовини раиси интернатсиалистони вилояти Хатлон Моисеев А. В. прокурор ва раиси суди ноҳия, раиси собиқадорони меҳнати ноҳия Файзалиев Раҳмоналӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳия иштирок доштанд. Нахуст раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳия ибрози сухан намуда, бо хотираи шаҳидоне, ки баҳри иҷрои қарзи интернатсионалисти ҷони худро бохтанд, бо дақиқаи хомӯшӣ ёд карда, шуд. Сипас Раҷабалӣ Абдулов суханронӣ намуда, қайд кард, ки саҳми интернатсионалистони собиқадор дар тарбияи насли наврас беназир аст ва фаъолияти пурсамараи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ноҳия ба хубӣ эҳсос мегардад. Айни ҳол иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳия 158 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳар кадоми онҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ баҳри обод кардани диёри худ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон саҳм мегузоранд. Дар ҷамъомад аъзои шӯрои марказӣ, муовини раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори вилояти Хатлон Моисеев А. В. ба ҷавонону мардони шўҷои ноҳия, ки хизмати Ватанро содиқона адо карданд баҳои сазовор дода, зикр намуд, ки мо ҳанӯз дар сафи хизматем, барои осудагии сарзамин масъулем ва ҳамаи кӯшишу ғайрати худро дар ин самт бояд сарф намоем. Дар фарҷоми чорабинӣ интернатсионалистони собиқадор бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуда, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ватандӯстона хотири онҳоро болида гардониданд.


Баргаштан
15-02-2023, 13:27