ЧАНД АНДЕША ОИДИ НИГОШТАҲОИ ПРОФЕССОР С. ЯТИМОВ ДАР МАВЗУИ «ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД»


          Баъд аз нашр шудани андешаҳои ин шахсияти сиёсатшинос дар маҷаллаи «Илм ва ҷомеа» таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» барои ҳар як ватандори асил аён мегардад, ки ворисони матиниродаи мо дар рушди давлатдорӣ кам нестанд. Маҳз ин ҷонибдориҳои устод ва муҳақиқи шинохта дар доираи Паёми Пешвои миллат бояд ҳар як соҳибватани тоҷикро ва Тоҷикистонро ба таҳлилу баррасии андешаҳо водор намояд. Сароғоз аз муқаддима ва ҳафт зермавзӯъҳою хулосаи нашршуда мутолиа намуда тасмим гирифтем, ки бардошти худро нисбат ба таҳқиқи ин олими шинохта баён намоем. Дар ҳақиқат, ӯ исбот намудааст,ки Паёми Роҳбари давлат, ки тайи чанд сол рӯйи кор аст- маҷмўи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад. Дар ин замима устод С. Ятимов давраи роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба бахти аҳли Ватан ва миллати тоҷик замон гул-гулшукуфию асоси бунёдии тамоми пешрафти соҳаҳои мухталиф шуморидааст. Яъне, таъкиди бештари Роҳбари давлат дар роҳи таъсиррасонӣ ва ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ як падидаи бузурги сиёсатмадорӣ дониста мешавад. Хусусан, соҳаи афзалиятноки мамлакат- соҳаи маориф азнигоҳи Пешвои миллат як манфиати бузурги миллӣ буда, бо муҳайё кардани шароитҳои таълиму тадрис зина ба зина боло рафта ҷойгоҳи баландро соҳиб шуда истодааст. Воқеан ҳам дар мақолаи “Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад” сиёсатшиноси огоҳ ба таври мушаххас ҷойгоҳи баланди Паём ва нақши онро дар рушду инкишофи дувлату миллат баҳогузорӣ кардааст. Яъне, дар мақолаи “Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад” арзишмандӣ, ҳуҷҷати стратегиву ҳаётан муҳим будани Паёми Президенти кишвар нишон дода шуддааст. Хулоса, Паёми Пешвои миллат дар ҳар як соли гузариш натиҷаҳои самарабахш дорад. Аз нуқтаи назари С. Ятимов ҳар як фарди ҷомеа бояд дар пайравии Пешвои худ чун шахси соҳибмиллату соҳибватан худро бо зевари илму дониш ороста сохта, сулҳу суботикишварро ҳамеша посбони ҳақиқӣ гардад. Умуман ба каломи ҷонбахши устод Абулқосими Фирдавсӣ оғоз намудани андешаҳои устод С. Ятимов низ тақвияти зеҳнии дигаре ба хонандааш хоҳад бахшид.

"НАВИДИ БАЛХ"


Баргаштан
21-02-2023, 12:51