30 – юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон


                      30 – юмин  солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бояд гуфт, ки зистан дар фазои  сулҳу оромӣ, ва тарбият кардани насли ояндасози ватану миллат  инчунин ноил гаштан ба ҳадафҳои нек Қувваҳои Мусаллаҳ,  сипарони Ватан  нақши муҳимро мебозад.

   Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Раиси Шӯрои Оллии мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин, сипарони ватан шурӯъ карданд ба таъсисдиҳи Қувваҳои Мусаллаҳи худ. Ёдовар аз он  дорем, ки он замон барои таъсисдиҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, заминаи моддиву техникӣ мерос қариб ки намонда буд ва Қувваҳои Мусаллаҳ дар замоне таъсис ёфт, ки дар Ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада будаанд. Бо вуҷуди ин ҳама камбудиҳову норасогиҳо бо иштироки Ватанпарварон ва фаъолони  мо санаи 23 феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ” – и пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе  нахустин Паради ҷузъу томҳои гарнизони баргузор гардида, он рӯз расман таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид.

   Воқеан ҳам, ин буд, ки бо дастгирии роҳбари ғамхори давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимоятгарони марзу буми меҳанамон  имрӯз 30 – юмин  солгарди Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон -  ро бо ифтихор ва қаноатмандонӣ ҷашн мегирем.  

   Мақсади таъсисидиҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ин ташкили қувваҳои ҳарбиест, ки қобилияти таъмини Истиқлолият, эмин доштани порчаи хоки Ватан, барқарор намудани  сохти конститутсионӣ ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Воқеан Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  тули 30 сол имтиҳонҳои сангинро сарбаландона гузашта, дар ин мудат ба як сохтори боэътимод табдил ёфт. Ва мо имрӯз фахр дошта бо  эътимоди комил метавонем гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон, афсарону сарбозони Ватан, инчунин ҷавонони сиёсатмадорони мо дар оянда низ камари ҳиммат баста, хизмати ҳарбӣро содиқона адо намуда марзу бум, арзишҳои миллию фарҳангӣ ва амнияти давлатро чун сипар метавонад ҳимоя кард.   

   Зухро Атабаева: Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо    

                            ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

                                                                                           

 


Баргаштан
21-02-2023, 12:56