Кори хайр дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
Кори хайр дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Санаи 23 феврали соли 2023 мардуми деҳаҳои "Қизил-Юлдуз", "Қизил-Октябр", "Панҷсолагӣ", "Янгиобод", "Қизил-Байрақ" ва "Ҳақиқат" мувофиқи нақша барои кори савоб, яъне тоза кардани манзилгоҳи калон, ки дар деҳаи "Ҳақиқат" ҷойгир аст, иштирок карданд. Дар баробари ин дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ дарахтҳои сояафкан, аз ҷумла, дарахти арча 50 адад ва дарахтони мевадиҳанда 24 адад шинонда шуданд. Дар ин кори хайр -дарахтшинонӣ раиси ноҳия Холмурод Раҳмон ва раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Эшбуризода Баҳриддин низ иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд. Мардуми савобкор зиёда аз 800 нафарро ташкил медод. Баъд аз анҷоми корҳои хайр раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ба саҳмгузорон миннатдории хешро изҳор намуд.
Баргаштан |
27-02-2023, 13:28 |