ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ


 ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИМУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОНДАРНОҲИЯ

   Санаи 23 феврали соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинии идона муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, оид ба таърихи таъсисёбӣ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузашта ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори андеша намуд. Дар ин рӯз аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 49 нафар аъзои ҳомиёни Ватан маводҳои ғизоӣ аз қабили орд ва равған дода шуда, ҳамзамон ба як қатор роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо барои фаъолияти пурсамару натиҷабахш Ифтитихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд. Сипас барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги ноҳия шукӯҳи тоза бахшид. 


Баргаштан
27-02-2023, 14:49