ИТТИЛОИЯ оид ба баргузории иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум.


                                    ИТТИЛОИЯ оид ба баргузории иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси                                            вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум.           

    Санаи 24 феврали соли 2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардида, дар он масъалаҳои ташкилӣ ва номгузории воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ваколати вакилон аз ҳавзаи интихоботии Ҷамоати деҳоти Навобод №29 Холмурод Раҳмон, Ҷамоати деҳоти Ҳалевард №13 Наҷмидинов Валӣ Пирович ва Ҷамоати деҳоти Ҳалевард №10 Воҳидова Фирӯза Абдулхолиқовна тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин масъалаи иваз намудани номҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳия мавриди баррасӣ гардида, қарор қабул карда шуд.


Баргаштан
27-02-2023, 14:52