САНҶИШИ ТЕХНИКӢ ДАР НОҲИЯ!


 Ҳафтаи сипаригашта дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намоиши техникаҳои кишоварзӣ бо иштироки сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур, сардори бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон Баҳодурзода Аюб ва муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам доир карда шуд. Тибқи иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷамолиддин Ғуломов барои гузаронидани кишти баҳорӣ ва парвариши зироат дар ноҳия 196 адад техника ва агрегатҳои кишткунанда мавҷуд буда, аз он 167 ададаш коршоям мебошанд, ки ҳамаи техникаҳо бо аккумулятор, чароғҳои равшанидиҳанда, сипор ва дигар таҷҳизот барои шудгор таъмин карда шудаанд. Аз тарафи масъулин дар ҳузури меҳмонон ҳама намуди техникаҳои лозима барои боғпарварон, пахтакорон ва деҳқонон ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин аз санҷиши техникӣ гузаронида шуд. Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар соҳаи кишоварзӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, ба сифати яке аз соҳаҳои муҳим таҳти назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар намоиши техникаҳои кишоварзӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур доданд, ки барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта аз пунбадонаи навъҳои серҳосил ва минтақабоб истифода намоянд. Дар фарҷом механизаторони пешқадами ноҳия аз тарафи хоҷагидорон қадрдонӣ гардиданд.


Баргаштан
28-02-2023, 06:30