ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ |
Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад. Дар ин замина дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти пунбадона оғоз гардида, то ба имрӯз бо маром идома дорад. Аз ҷумла санаи 4 марти соли 2023 заҳматкашони Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аввалин шуда кишти пунбадонаро оғоз намуданд. Нахуст, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои кишти пунбадона дар ноҳия дидан намуда, ба заҳматкашони Ҷамоати шаҳраки Гулистон барору комёбӣ хоста дуову фотиҳаи нек доданд. Ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Ҷамолиддин Ғуломов меҳнаткашони ноҳия тибқи дурнамои нақша имсол дар майдони 9820 гектар кишти пунбадонаро роҳандозӣ намудаанд. Бо мусоид омадани обу ҳавои имсола дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба кишти пунбадонаи навъи пахтаи «Элита» оғоз намудаанд. Аз ҷумла дар ин рӯз дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон дар 60 гектар замин кишти пунбадонаро шуруъ намуданд. Пахтакорони ҷамоати мазкур ният доранд, ки бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва вазъи мусоиди боду ҳаво дурнамои кишти пахтаро сари вақт иҷро намоянд. Ҳамзамон барои заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонӣ хӯроки нисфирӯзӣ дода шуда, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии онҳо таронаҳои ватандӯстона ва дар васфи баҳору наврӯз пешкаш намуданд.
Баргаштан |
6-03-2023, 06:29 |