АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ!


                                                           АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ

   Қадршиносии собиқадорони соҳаи матбуот дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, фаъолияти арзандаву ибратбахши онҳо мактаби бузурги омӯзиш ва парвариш ба насли ҷавон аст. Ин аст, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз 10 марти соли 2023 кормандони муассисаи давлатии рӯзномаи "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати собиқадори соҳа Тоирҷон Қучқоров рафта аз ҳолу аҳволашон хабар гирифтанд. Инчунин аз хонадони собиқ сармуҳаррири рӯзномаи "Навиди Балх" шодравон Баҳром Муродов хабар гирифта, дар ҳақи арвоҳи марҳум дуову фотиҳа намуданд. Дар ин рӯз Ибодуллоҳ Одиназода -сармуҳаррири рӯзномаи "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшу мақоми воситаҳои ахбори оммаро яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, инчунин дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи матбуоти тоҷик, ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро нишони таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма ва гувоҳи болоравии эътибори аҳли матбуот арзёбӣ намуд. "НАВИДИ БАЛХ"

Навиди Балх


Баргаштан
11-03-2023, 08:54