БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ Аз 1 то 17 марти соли 2023



    БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ Аз 1 то 17 марти соли 2023 мусобиқаи футболи хурд байни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ барои дарёфти "Ҷоми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ" бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар даври финалӣ дастаи Прокуратура ба дастаи шабакаҳои барқ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқаи футбол гардид. Ғолибон бо диплом, Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холиқзода Рустам, прокурори ноҳия Собирзода Искандар сарфароз гардонида шуданд. Инчунин беҳтарин дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, нишонзан ва бозингари беҳтарин муайян ва бо мукофотҳо қадр карда шудан. 


Баргаштан
20-03-2023, 08:17