БУНГОҲИ ТИББӢ - ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ |
Дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ санаи 21 марти соли равон дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон як бунгоҳи саломатӣ кушода гардид. Бинои мазкур аз 3 ҳуҷра ва як роҳрав иборат буда, як ҳуҷраи момодоя, эмгузаронӣ, ҳамшираи гашти хонаҳо, инчунин як сартарошхона ва ҳуҷраи дигар барои раиси маҳалла низ мавҷуд аст. Ин бино аз ҳисоби сокинон бо маблағи 130 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Баргаштан |
29-03-2023, 08:46 |