ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


             ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 22 марти соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Икромӣ Сироҷиддин Салом, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳи хос таҷлил карда шуд. Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинон ва ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуда, номгӯи ҳунарҳои мардумии хешро, ки маҳсули меҳнату заҳмати онҳо мебошад, ба марази тамошо гузошта буданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ нишон дод, ки таваҷҷуҳи сокинон ба ҳунарҳои мардумӣ сол то сол меафзояд. Таомҳои наврӯзӣ ҳафт сину ҳафт шин ва аз дигар таомҳои гуногуни миллӣ иборат буданд. Ин намоиш аз намоишҳои солҳои пешин бо рангорангии зиёд фарқ мекарданд. Аз тамошои ин намоиш хулоса кардан мумкин аст, ки хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон, ҳунар ва шуғлҳои аҷдодӣ аз нав эҳё гардида, соҳаи ҳунармандӣ рушд меёбад. Сипас, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ҳамагонро табрик гуфта, зикр намуд, ки сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имсол низ бо эҳсоси аввалин пайки пурнишоти Наврӯзӣ ва бо азму иродаи комил пайи анҷом додани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ иқдом гирифта, корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд. Ҳамчунин мову Шумо хуб медонем, ки баҳор дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар ба ноҳияи мо барвақт фаро расида, ба кишоварзони мо имкони мусоиди кишту кори баҳориро фароҳам менамояд. Бо дарки ин сарчашмаи рушди хоҷагидорӣ дар ҳудуди тамоми ҷамоатҳои деҳот кишти зироати асосӣ - пунбадона оғоз карда шуда, дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бомаром идома дорад. Ин ташаббусҳо яке аз воситаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони ноҳия аст, ки ба ҷашни таърихии Наврӯз низ иртиботи қавӣ дорад. Имрӯз, ки фасли баҳор ва шукӯҳу нусрати Наврӯзи некпай дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ танинандоз аст, бояд лаҳзае фаромӯш накунем, ки мавсими кишту кор ва талошҳои созандагию бунёдкорӣ дар пешанд. Дар ин замина масъулияти баланди кишоварзони ноҳия дар пешрафти соҳа ва таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар моро умедвор мекунад, ки ба пешомади неку бобарори баҳори имсола ва ояндаи дурахшони ноҳия эътимод дошта бошем ва пойдевори бақои зиндагии ояндаро аз имрӯз гузорем. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашудаи хешро манзури тамошобинон гардонида, бо сурудҳои дар васфи баҳору наврӯз ва ватандӯстона хотири сокинонро болида гардониданд. Дар фарҷом раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ба аҳли ноҳия таманнои соли пурфайзу барор намуда, ба ҳама саҳмдорони чорабинии наврӯзӣ изҳори сипос баён намуданд.


Баргаштан
29-03-2023, 09:10