ДАЪВАТИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР


                  ДАЪВАТИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР

Мусаллам аст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагии амиқ дорад, зеро вазифаи ҳар як сарбоз посбонӣ намудани марзи кишвари худ мебошад. Ба ин хотир имрӯз 1 апрели соли 2023 дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва волидони даъватшудагон чорабинии идона бахшида ба оғози даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон суханронӣ намуда, даъватшудагонро ба рӯзи аввали хизмати Ватан-Модар табрик карданд. Қайд гардид, ки нақши ҳомиёни Ватан дар таъмини амнияту осудагии мардуми ҷумҳурӣ хеле бузург мебошад. 

Раиси ноҳия бо боварии комил умед намуданд, ки ҷавонони ноҳия ба ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии Ватан сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз раиси Ҷамоати деҳоти Калинин Мавзиддин Обидов низ фарзанди хеш Мисҳобуддинро ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ оварда, ба хизмати аскарӣ сафарбар намуд. -Дар рӯзи аввали сафарбарӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 100 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намуданд, ки имрӯз пас аз гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба хизмати аскарӣ сафарбар мегарданд, -иброз дошт комиссари ҳарбии ноҳия Икромзода А. Сипас аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешниҳод карда шуда, бо сурудҳои ватандӯстона хотири иштирокдоронро болида гардониданд. "НАВИДИ БАЛХ"

Навиди Балх


Баргаштан
3-04-2023, 09:52