КВОТА - ИМТИЁЗ БА ТАҲСИЛ


 КВОТА - ИМТИЁЗ БА ТАҲСИЛ  Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври озмуни ноҳиявии санҷишҳои имтиҳонии дохилшавӣ тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯз аъзои комиссияи квотаи Президентӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуданд. Тибқи иттилои шуъбаи маорифи ноҳия дар озмун хонандагони муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҷиҳати дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ 139 нафар хатмкунандагон роҳхат гирифта, ширкат варзиданд. Соли ҷорӣ шумораи квотаи Президентӣ барои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 24 нафарро ташкил намуд, ки аз ҷумла 12 нафар духтар аз рӯи 12 ихтисос роҳхат ба даври вилоятӣ гирифта аз рӯи ҳар ихтисос то шаш нафар довталаб ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.  Ёдовар мегардем, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон дар рӯҳияи илмомӯзиву маърифатпарварӣ Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бобати дарёфти чеҳраҳои болаёқат имтиёзҳои заруриро фароҳам овардаанд. Парвина АҶИКОВА, "НАВИДИ БАЛХ"


Баргаштан
3-04-2023, 09:59