ОЗМУНИ «РӮЗҒОРДОРӢ» |
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, баланд бардоштани донишу малакаи касбомӯзӣ, ҳидояти ҷавондухтарон ба рӯзғордорӣ ва ба хотири ба расму оинҳои миллӣ, мероси ниёгон ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик таъсис дода шуд. Ба ин хотир рӯзи 5 апрели соли равон дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили «Рӯзғордорӣ» бо ҳайати ҳакамон мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Ализода Майнисо, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷавоҳир Риоева, мушовири шуъбаи маориф Гулхоним Нурмаҳмадова, корманди бахши фарҳанг Ҳусноро Назарова, директори Коллеҷи энергетикӣ Раҷабов Ҷурахон ва инчунин омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Баргаштан |
6-04-2023, 05:58 |