ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!


                                  ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

  Бо иштироки сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат имрӯз 11 марти соли 2023 дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Гулгашт ва назди майдони Нишони давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, зебоипарастии мардуми бо фарҳанги тоҷик ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид.Қайд гардид, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.  

 

  


 


Баргаштан
12-04-2023, 06:20