ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕМОҲАИ СОЛИ 2023


 ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ   ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕМОҲАИ СОЛИ 2023

  Имрӯз 13 апрели соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимову иқтисодии ноҳия дар семоҳаи соли 2023 баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, ҳамчунин муовини якум, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ иштирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон меҳмононро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми қувваи худро баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон равона менамоянд. Муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 баҳри таъмини қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ бо вуҷуди кӯшишу роҳандозӣ гардидани чораҳои лозимӣ, масъулини соҳа аз уҳдаи таъмини нақшаи пардохти андозҳо баромаданд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2023 бо назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба ҷои 29 млн. 206 ҳазор 859 сомонии пешбинишуда 29 млн. 527 ҳазор 584 сомонӣ иҷро карда шуд, ки ин баробари 101 фоизи иҷрои нақша буда, нисбат ба нақша ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Баҳри иҷрои супоришҳо зарур аст, ки сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Раёсати молия, Нозироти андоз дар ҳамкорӣ бо масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳар моҳ иҷрои нақшаи андозҳоро дар доираи нақшаи муайяншуда бо назардошти манбаҳои нави андозбандӣ, кам кардан ва пешгирии афзоши бақияпулиҳо, пурра ба қайд гирифтани субъектҳои андозсупор, қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳоро таъмин намоянд. Дар семоҳаи якуми соли 2023 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 75028,0 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2557,4 млн сомонӣ зиёд иҷро гардидааст. Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2023 дар майдони 14, 2 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 2092 гектар ғалладонагиҳо, 13,3 гектар гандуми баҳорӣ, 146 гектар ҷуворимакка барои дон, 9986 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 9820 гектар пахта, 782 гектар сабзавот, 362 гектар картошка, 493,1 гектар полизиҳо ва 349,7 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7715,5 гектар зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти сабзавот ба 677 тонна, гӯшт 892 тонна, шир 6220 тонна, тухм 2890,3 млн дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 сабзавот 1,3 фоиз, гӯшт 2,3 фоиз, шир 4,7 фоиз, тухм 3,1 фоиз зиёд шудааст. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар мавсими кишти солҳои 2022-2023 дар ноҳия 12 адад гармхонаҳои доимоамалкунанда дар майдони 2,67 гектар ва 56 гармхонаҳои мавсимӣ дар майдони 12,4 гектар фаъолият намуда, аз ҳисоби гармхонаҳо 20,0 тонна маҳсулотҳои кишоварзии барвақтӣ, хусусан помидор, бодиринг ва дигар сабзавотҳо истеҳсол гардида, дар бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда шуд, ки ҷиҳати ба танзим даровардани нарх дар бозори истеъмолӣ мусоидат намуд. Сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом баромад намуда, дастуру супоришҳои сохторҳои болоиро ба фаъолони ноҳия расониданд. Ибодуллоҳ ОДИНАЗОДА , "НАВИДИ БАЛХ"

 


Баргаштан
14-04-2023, 12:09