Хизмат ба Ватан ин қарзи ҳар як инсони бонанг аст.


        Зистан дар фазои сулҳу оромӣшараф аст барои ҳар якинсони ватандору ватанпарвар. Ватанпарасти яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи боӣи аз  гузаштагони  худро парвариш намоем. Агар мо назар афканем ба ҳамон нафароне, ки сарбаландона баргаштаанд аз хизмати Ватан ва ба он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Нафароне, ки хизмати Ватанро ба ҷо овардаанд муносибат муомила ва назари онҳо тағир ёфта дар зиндагӣ метавон гуфт, ки ин гуна ҷавонон ботаҳаммул буда, ҳамчун як масъул дар оила роҳи ҳаллӣ  мушкилотҳои пешомадаро метавон ёфт.     

         Имрӯз мо шукр бояд аз он кунем, ки дар чунин давлати осоишта, ки дар он сулҳ пойдор аст умр ба сар бурда истодаем. Мо набояд  ин ҳама неъматҳоро нодида гузарем ва ҳар як инсон бояд аз  таърихи гузаштагони худ ёд кунад. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин, сипарони ватан шурӯъ карданд ба таъсисдиҳии Қувваҳои Мусаллаҳи худ. Ёдовар аз он  дорем, ки он замон барои таъсисдиҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, заминаи моддиву техникӣ мерос қариб ки намонда буд ва Қувваҳои Мусаллаҳ дар замоне таъсис ёфт, ки дар Ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада будаанд.

       Бо вуҷуди ин ҳама камбудиҳову норасогиҳо бо иштироки ватанпарварон ва фаъолони  мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис додем. Воқеан ҳам, боиси ифтихор аст, ва ин буд ки бо дастгирии роҳбари ғамхори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимоятгарони марзу буми меҳанамон  ҳар сол,  солгарди Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ро бо ифтихор ва қаноатмандӣ дар шароити хуб фароҳам оварда шуда ҷашн мегирем. Мақсади хизмат ба Ватан ин эмин доштани порчаи хоки зодгоҳ ва   таъмини амнияти ҳаёти осоиштаро дорад.

         Дар моддаи 43 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад” ва мо бояд мисли гузаштагони худ, ки баҳри ободӣ ва тинҷию оромии Ватанамон  ҷонисорӣ намудаанд бо нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона ба Ватани худ хизмат намуда, қарзи фарзандиамонро ба ҷо орем.       

 

  Зухро Атабаева: Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо    

                          ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

                                                                                           


Баргаштан
17-04-2023, 12:17