СЕМИНАР ОИД БА ҒАЙРИНАҚДӢ БА РОҲ МОНДАНИ ПАРДОХТҲО


 Санаи 1 майи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайримоддӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ дар моҳи майи соли 2023 вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи баҳогузорӣ, мониторинг ва фурӯши амволи Раёсати Бонк Давлатов Қосим, сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ташкилотҳо иштирок доштанд. Давлатов Қосим зимни суханрониаш қайд кард, ки нақши мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатиро дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус фаъолияти бонкӣ дар шаҳру навоҳии кишвар баланд арзёбӣ менамояд. Тавре ба Шумо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона (23 декабри соли 2022) ва ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва соли ҷорӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ дастуру супоришҳои бевосита доданд. Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои мазкур, Амонатбонк тамоми имкониятҳоро, аз қабили барномаҳои корӣ, интернет-бонкинг, банкомату постерминалҳо, кортҳои беном, QR-рамзҳо, насби постерминалҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, барномаи «Амонатбонк», смс-паёмакҳо ва ғайраҳо фароҳам овардааст.

 


Баргаштан
10-05-2023, 09:59