КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ |
КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 1 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ консерти ҳисоботии мактаби санъати бачагонаи ноҳия бо иштироки Боймуродов Саид -мудири дафтари методии мактаби санъати Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Шарипов Фирӯз, мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Абдулов Раҷабалӣ -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Латифзода Насиба -мудири бахши фарҳанги ноҳия, волидони хонандагон ва устодон баргузор гардид. Дар ибтидо маҳсули эҷодии рассомони навраси ин боргоҳи ҳунаромӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар барномаи ҳисоботии мактаби санъат асарҳои муосири классик ва суруду рақсҳои мактаби мазкур манзури тамошобинон гардид. Дар фарҷом намояндагон ба консерти ҳисоботии муассиса хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ изҳори сипос намуда, барои саҳми муносиб дар тарбияи фарҳангии насли наврас ба омӯзгорони фаъол изҳори миннатдорӣ намуданд. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"
Баргаштан |
10-05-2023, 10:03 |